МАРГИ ДУ ЗАН ДАР САДАМАИ МУДҲИШ ДАР НУРОБОД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ду фалокат хабар дод, ки ҳарду талафоти ҷонӣ дар пай доштанд. Дар ноҳияи Восеъ духтарчаи дусола дар канали назди ҳавлиашон ғарқ шуд. Дар Нуробод мошине, ки бо суръати баланд меомад, сабаби марги ду мусофир шуд. КҲФ мегӯяд, ин ду ҳодиса аз беэҳтиётӣ рух дод ва аз ҳарду ҳодиса мешуд пешгирӣ кард. Духтарчае, ки ҳамагӣ 2 сол дошт, аз беназоратии волидон дар оби канал ғарқ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 9-уми январи соли равон дар қаламрави деҳаи Сафар Амиршоеви ҷамоати Ҳулбуки ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон рух дод. Духтарчаи дусола дар оби канале сарозер шуд ва ғарқ гардид, ки аз назди хонаи онҳо мегузашт. Ҷустуҷӯи ин кӯдак як шабонарӯз давом кард ва билохира ҷасади ӯро пайдо кардаву ба волидонаш супурданд. Даҳуми январи соли равон, соати 15:00 дар километри 97-уми роҳи мошингарди Душанбе – Нуробод – Лахш ҳангоми ҳаракат аз самти Нуробод ба сӯи шаҳри Ваҳдат мошини тамғаи «Опел Астра», мутааллиқ ба сокини 52-солаи деҳаи Шодмонии ҷамоати Муҷахарфи ноҳияи Нуробод, ба ҷарии 80-метра сарозер шуд. КҲФ мегӯяд, як сабаби ин фоҷеа метавонад суръати хеле баланди ҳаракати мошин бошад, ки ронанда баъдан аз уҳдаи идораи он набаромадааст. Ҳангоми фоҷеа дар ин мошин 4 нафар савор будаанд. Бо талоши раҳгузарон ронанда ва яке аз мусофирон берун зинда берун оварда шуданд, аммо мутаассифона, ду зан, ки яке 49 ва дуюмӣ 67 сол дошт, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронанда ва мусофири зиндамондаро бо захмҳои мухталиф ба бемористони ноҳия и Нуробод оварда, бистарӣ кардаанд.