ИНТИҚОДИ ТУНДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ҚУДОЯШ БЕГ САБУР
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 январи соли 2023 дар ҷаласаи солонаи ҳукумат раиси Хадамоти алоқа ва қудояш Бег Сабурро аз ҷояш хезонд ва барои суръат ва сифати бади Интернет дар кишвар сахт танқид карда, танбеҳаш дод. Дар гузориши расмии телевизионӣ аз рафти ҷаласа ҳарчанд садои Бег Сабур шунида намешавад, вале аз ваҷоҳаташ бармеояд, ки сахт танқид шунидааст ва талош дорад, ки худро сафед кунад. Дар як моҳи охир ин алакай бори дуюм аст, ки Эмомалӣ Раҳмон қудояш Бег Сабурро барои суръат ва сифати бади Интернет ба интиқод мекашад. Ӯ моҳи декабри соли 2022 дар паёми солонааш низ аз фаъолияти Хадамоти алоқа ба тундӣ интиқод карда, ба ин ниҳод барои ислоҳи вазъ вақт дода буд. Бино ба гузориши ТВ давлатӣ, Бег Сабур дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дар бораи то имрӯз то чӣ ҳад иҷро шудани супориши президент дар бораи беҳбуди сифат ва суръати Интернет ҳисобот додааст. https://youtu.be/w-Gv5zchi4U Бархе иштирокдорони ҷаласа рӯзи 25 январ дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки аз ваҷоҳати президент дида мешуд, ки ӯ аз ҳисоботи Бег Сабур дар бораи корҳои то имрӯз анҷомдодааш чандон қонеъ ба назар намерасид.