Добавить
Уведомления

ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ИСМОИЛИҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ СӮИ КДАМ БОЗПУРСӢ ШУДААСТ

Шарофат Мамадамбарова, президенти собиқи Шӯрои имомати исмоилиҳои Тоҷикистон ва хоҳари овозхони машҳури зодаи Бадахшон Улфатмоҳ Мамадамбарова, тайи чанд ҳафтаи охир аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон чандин бор дар робита ба ҳаводиси ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозпурсӣ шудааст. Президенти Шӯрои имомати исмоилиҳои Тоҷикистон баландтарин мақом дар байни тарафдорони ин мазҳаб ба шумор рафта, маҳз президенти Шӯрои имомат аз исмоилиҳои Тоҷикистон дар назди дарбори Оғохон намояндагӣ мекунад. Оғохон ҳамин тавр, фармону таълиқаҳои худро ба пайравонаш дар Тоҷикистон низ тавассути Шӯрои имомат ва ҷамоатхонаҳову халифаҳояш мерасонад. Беш аз 90 фоизи аҳолии Тоҷикистонро суннитабарони пайрави мазҳаби Ҳанафӣ ташкил медиҳанд, вале аксари сокинон аз тақрибан 250 ҳазор аҳолии Бадахшон пайрави мазҳаби исмоилияанд. Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Мамадамбарова ҳоло дар Хоруғ қарор дорад ва дафъаи охир ӯро 8 соат бозпурсӣ кардаанд. Муҳтавои ин бозпурсиҳоро ба сабаби муҳри махфӣ доштани парвандаи ҳаводиси Бадахшон касе шарҳ намедиҳад. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи бозҷӯӣ шудани президенти собиқи Шӯрои имомати исмоилиҳо то ҳол изҳори назар накардаанд. Худи Шарофат Мамадамбаров, ки 68 сол дорад ва ду навбат сесолӣ президенти Шӯрои имомати исмоилиҳо интихоб шудааст, низ дар бораи ин қазия чизе нагуфтааст.

Иконка канала Elegant Episodes from the Past
5 подписчиков
12+
22 просмотра
2 года назад

, чтобы оставлять комментарии